Суди Олӣ парвандаи журналист Аҳмади Иброҳимро ҳам шарҳ дод
Раиси Суди Олии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад парвандаи сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳимро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки ин рӯзноманигори тоҷик ба 10 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шудааст.
Рустам Мирзозода гуфт, ки аз болои ҳукми Аҳмади Иброҳим то ҳол шикоят ворид нагардидааст.
“Аз он ки шикоят ворид нашудааст, яъне худи Аҳмади Иброҳим аз ҳукми суд розӣ аст”,- гуфт раиси Суди Олӣ.
Ҷузъиёти дигари парвандаи Аҳмади Иброҳим дастрас нест.
Аҳмади Иброҳим 63-сол дорад ва солҳои дароз дар расонаҳо кор кардааст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили “Пайк”-ро дар Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт — моҳи августи соли 2024 сардабири он буд. Ӯ бо “ришвадиҳӣ ба корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” айбдор дониста мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ