Судяи порахӯр 3 сол гирифт

Носирхон Сафарзода, собиқ судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон, ки дар поёни моҳи май, бар асоси моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба гирифтани пора айбдор дониста шуда буд , ба 3 соли зиндон маҳкум шудааст.
Ҳукми Сафарзода алакай ба иҷро даромада ва ӯ барои адои ҷазо ба маҳбаси воқеъ дар паси бинои раёсати БДА интиқол дода шудааст. Дар ин маҳбаси воқеъ дар канораи ғарбии шаҳри Душанбе кормандони собиқи мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони суду милиса ва прокуратура адои ҳукм мекунанд.
Носирхон Сафарзода, ки қаблан ба ҳайси судя дар судии шаҳри Панҷакент кор мекард ва соли 2017 судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъйин шуда буд, рӯзи 9 марти соли 2021 аз ҷониби мақомоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 319 Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми гирифтани пора парванда кушоданд.
Рӯзи 19 март бошад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Сафарзода Носирхонро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад,” аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *