Судяи “пуртаҷриба ва собиқадор” дастгир шуд

Эраҷ Ширинзода, судяи собиқиСуди олии иқтисодии Тоҷикистон ба “қаллобӣ ва сӯйистифода аз мансаб” айбдор шудааст. Президенти Тоҷикистон рӯзи 17-уми декабр ӯро бозхонд намуд ва ба дунбол порлумони Тоҷикистон ӯро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кард. Парвандаи Ширинзода аз як моҳ боз тафтиш мешуд, вале ӯ дар озодӣ буд. Танҳо пас аз ҷаласаи порлумон ва ризояити вакилон ӯро боздошт карданд. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон судя аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст ва то порлумон ӯро аз ин ҳақ маҳрум накунад, боздошти ӯ мумкин нест. Ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ӯро Агентии зидди фасод пеш мебарад. Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон аз порлумон дархост карда буд, ки ин судяро аз дахлнопазирӣ маҳрум кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Ширинзода аз як шаҳрванд 35 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст. Юсуф Раҳ мон дар ҷаласаи порлумон гуфтааст, ки ҷиноятҳои Ширинзода “пурра исбот” шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Ширинзода барои қонеъ кардани даъвои як шаҳрванд дар ду ҳолат ду бор аз ӯ пора гирифтааст ва ҳамзамон аз “намояндаи хоҷагии деҳқонии «Ясмина»-и шаҳри Турсунзода дар ду ҳолат 5500 сомонӣ гирифтааст”. Ҳамкоронаш аз ӯ, додраси «собиқдор ва пуртаҷриба» ном мебаранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.