Суханронии Президенти Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ
5 август Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвари давлат изҳори сипос ба Туркманистон барои мизбонӣ ва ба СММ барои ташкили сатҳи баланди ҳамоиш намуда, аҳамияти махсуси конфронсро дар таҳлили натиҷаҳои Барномаи амали Вена (2014–2024) таъкид кард.
Президенти мамлакат зарурати рушди инфрасохтор, аз ҷумла бахшҳои нақлиёт ва энергетика, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рақамисозии расмиёти тиҷоратиро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар суханронӣ мавқеи ҷуғрофии маҳдуди кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва мушкилоти транзитӣ ҳамчун монеаҳои рушди устувор арзёбӣ шуда, ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷалби сармоя барои ҳалли онҳо таъкид гардид.
Президенти кишвар аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши иқлим ва об, аз ҷумла баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва қабули қатъномаи “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” ёдовар шуда, даъват ба амал овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ маблағгузории чораҳои ҳифзи иқлимро афзоиш диҳад.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.
Дар ин робита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ