Мукаррама Қосимова

Сухансанҷе, ки гирди нуктае сад бор мегардид

Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гўяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кўдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. 

Эмомалӣ РАҲМОН

Оре, тоҷикзани донишманд, Аълочии маориф, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илму техника,  доктори илмҳои филологӣ, профессор Мукаррама Набиевна Қосимова – забоншиноси варзида, олими борикназару сермаҳсул ва устоди соҳибмактаб аз зумраи чунин ашхоси баруманду бошараф буд. Ў шахсе буд, ки:

Сухансанҷе саромад дар фанни гуфтор мегардид,

Ки чун паргор гирди нуктае сад бор мегардид.

Бале, сабуронаю таҳаммулпазирона, собиткоронаю устуворона, дақиқназаронаю нуктасанҷона омўзишу таҳқиқ, тарғибу талқин, раҳнамойиву роҳбаладии шогирдон дар дарёфти гавҳару садафи илми забон на ба ҳар кас муяссар мегардад. Хушбахтона, ба дунёи илму фарҳанг афроде ворид мегарданд, ки саромаду нерўи зеҳнии воло дар ҷодаи илму таълим ва таҳқиқу пажуҳиш маҳсуб меёбанд.

Зиндагиномаи ин олиҳаи илм – шахси накўкор, мушфиқ, ғамхор, меҳрубон, ростқавл, қавиирода, равшанзамир, дарёдил, нодирахилқат, фозил, оқил, зариф билохира дорандаи тамоми хулқу атвори накуи инсонӣ басо рангин, гуҳарбору пурмуҳтаво буда, авроқи пурқимату хотирмон ва саҳифаҳои аҷибе дорад ва ҳар яке аз ин саҳифаҳо дар пайдарпайӣ бо ҳамдигар дар ҳамбастагию мувофиқат оройиш ва зебу зиннат ба китобномаи илми забоншиносии тоҷик додаанд ва маҳаки ибрату пайравист. Дар ҳаёти муаллима омўзиш, фаъолияти илмию таълимӣ тавъам бо вазифаю супоришҳои ҷамъиятӣ пеш рафта, асари хотирмону омўзанда гузоштааст.

Мукаррама Набиевна Қосимова бо донишу заковат, бо ҷасорату матонат, бо сабки хоси таълиму тарбия ва бо маҳорати олии роҳнамоию роҳбаладӣ дар китоби зиндагиномаи инсоният саҳифаи ҳаёти хешро бо пиндору кирдору гуфтори нек мунаққашу пероста намуда, то ҳар фарди равшанзамир ҳангоми омўзиши ин сафҳа бардошти маънавии ибратбахше ба худ гирад.

Мукаррама Набиевна Қосимова аввалин тоҷикзан — доктори илмҳои филологӣ дар Тоҷикистон ва мутахассиси варзидаи таърихи забони адабӣ, забони муосири тоҷикӣ, муқоисаи забонҳо, истилоҳшиносӣ, хат ва имлои алифбои арабиасоси тоҷикӣ маҳсуб меёбад ва ҳар андешаи илмии хешро доир ба илми забон  ончунон софу беолоиш, асосдору бодалел, рушану муҷаз пешниҳод намудааст, ки ба дурустии он дигар ҳеҷ шакку шубҳае намемонад.

Мукаррама Набиевна Қосимова

Устоди аҳли маънӣ алломи жарфбин аст,

Кошонаи пур аз гул, чун боғи анбарин аст.

Зеро дар омода намудани муҳаққиқони илми забоншиносӣ беш аз 30 сол ба ҳайси раиси шурои диссертатсионӣ саҳмгузор аст ва ин боғбони илму адаб гулбоғи хешро бо парвариши зиёда аз 50 навниҳолу дарахти илмӣ ба имрўзиёну ояндагон ба мерос гузоштааст. Айни замон ин навниҳолону дарахтон дар самар додани гулбоғи илми забон, бахусус забони тоҷикӣ, мавқеи худро доранд.

Профессор Мукаррама Набиевна Қосимова равиши хоси дарсгўйӣ дошт. Ҳангоми хондани дарсҳои назариявӣ ҳамагӣ бо варақаҳои (картотекаҳо) намуна аз осори шоирону адибон вориди синфхона мегашту дарси назариявиро (лексионӣ) бадоҳатан бе бастаи матни чопшудаи лексия оғоз мекард. Ҳангоми дарсгўйӣ бо пайкари нозуки занона, бо лаҳни ширини тоҷикӣ, бо симои зебо ба дилу дидаи мо донишҷўдухтарон ҳамчун намунаи олии зани тоҷик маъво мегирифт.

Дарс мегуфтӣ, хаёлам, лафзро ороста,

Тоқа-тоқа мешмаридӣ ҳар суханро чун садаф,

Ҳар намуна бо чароғи фазл мекардӣ рушан,

То наёбад аз баён як донаи ҳарфат талаф.

Олими нуктасанҷ ва омўзгору мураббию роҳнамои асил имрўз аз худ  мактаби илмии забоншиносиро боқӣ монда, барои омода намудани мутахассисони варзидаи илми забоншиносӣ саҳми бузургу беназир гузоштааст. Дар ин ҷода низ истеъдоди фавқуллодаро доро буд.

Дар хондану таҳрири рисолаҳои илмии фарзандони маънавии хеш сабку услуб ва маҳорати фардии роҳнамоиро чун модари маънавӣ нишон медод. Ҳар як аломату ҳарферо, ки барои ислоҳи кор маслиҳат медод, рамз дошт. Ҳатто муроҷиату хитобаҳои навишторӣ бо аломатҳои китобатӣ шогирдро водор мекард, ки оҳанги гуфтору мақсади муаллимаро бифаҳмад, то бидонад, ки савияи дониши шогирд то чӣ дараҷа расидааст ва дар ҳалли баррасии мавзуъ то чӣ андоза муваффақ шудааст ва гўё аз рўйи гуфтаи 

“Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад”

амал мекард. Чунончи,  ҳангоми қайд агар баъд аз мухотаб аломати вергул меомад, маълум мегардид, ки шогирд саҳви андаке кардааст ё мавзуъро ба пуррагӣ баррасӣ накардааст, агар баъд аз мухотаб як аломати хитоб мегузошт, камбудиҳо бештаранд ва агар баъд аз мухотаб 3 ва зиёда аломати хитоб мегузошт, шогирд ҳатман дарк мекард, ки ба умқи масъалаи баррасишаванда сарфаҳм нарафтааст ва бояд бештар ба маъхазҳои илмӣ рў меовард.

Бо роҳнамоиву ҳидояти ин олимаи нодирафитрат 50 нафар шогирдон рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмии  номзад ва доктори илмҳои филологӣ ҳимоя кардаанд. Шогирдони муаллима на танҳо  аз дохили Тоҷикистон, балки берун аз марзи он  – Русия, Ўзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Чин, Кореяи Ҷанубиро фаро мегиранд.  

Дар ҷодаи илм нозукбинона ва мўшикофона бо тарзу равиши хоси баёну нигориши илмӣ чун гавҳаршиноси асил ҳар як дурру марҷони илми забоншиносиро моҳирона  ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Сухан гавҳар бувад, гўянда ғаввос,

Ба сахтӣ бар каф ояд гавҳари хос.

Китобҳои ў ба шогирдон барои омўхтану ба осонӣ дарк кардани нозукиҳои илми забоншиносӣ муттакоянд, барои устодон дар таълим роҳнамоянд. Ба қалами профессор Мукаррама Набиевна Қосимова зиёда аз 200 номгўйи асар ва интишороти илмӣ  тааллуқ дорад. Дар маҷмуаи “Ганҷи сухан”, ки аз 640 саҳифа иборат аст, беш аз 70 мақолаи илмии профессор Мукаррама Набиевна Қосимова ҷой дода шудааст ва дар онҳо вижагиҳои забони осору асарҳои шоирону адибони асрҳои гуногун, бахшҳою қисматҳои забони тоҷикӣ ва забоншиносӣ матраҳ шудааст.

Фаъолияти “устоди меҳрубон, бахшандаи меҳри сухан, муҳаққиқи ҷону бинои забон” бисёр фарох, доманадор густурда ва мондагор аст ва инҷониб ҳамагӣ ёде аз рўзгори ибратомўз кардем. Ҳарчанд ки  2-юми октябри соли 2020 риштаи ҳаёти ин забоншиноси мумтоз канда шуд, бо мероси илмӣ ва пайкори наҷибу ҷовидона номи некаш ҳамеша дар ёдҳо ва вирди забонҳост.

Жило ГУЛНАЗАРЗОДА, доктори илми филология, профессор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.