SuperApp-и маъруф боз ҳам қулайтар гардид

Мутахассисони IT-и ширкати «МегаФон Тоҷикистон» интерфейси замимаи мобилии «МегаФон Life»-ро такмил доданд. Яке аз маъмултарин SuperApp-и  кишвари мо барои корбарон қулайтар гардидааст  ва иҷрои як қатор амалҳо ҳоло вақти камтар  мегирад.       

Хизматрасониҳо   зери тугмаи алоҳида   

Пайдо  кардани  сервисҳои лозимӣ дар дохили замима  осонтар  гардид. Пештар дарёфти онҳо   тавассути «Ҳамён» сурат  мегирифт,  ҳоло бошад  барои ин  пахши  тугмаи «Хизматрасониҳо» дар феҳристи  поёни экран кифоя аст. Дар менюи кушодашуда шумо метавонед маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруҳоро фармоиш диҳед, қарзу суғуртаро  ба расмият дароред,   чиптаҳои ҳавопаймо, чиптаҳоро барои  кино,  театр ва намоишгоҳҳо бихаред.        

Аз сторис  рост ба сомона    

Сторисҳои  интерактивии дар зери хати тасвири  тавозун ҷойгиршуда такмил дода шуданд. Пештар, шумо бояд аввал паёмакро  аз назар мегузаронидед ва  сипас ба  сомонаи   ҷолиб мустақилона   тавассути браузер мегузаштед.  Ҳоло, ҳангоми пахши сторис, корбар фавран ба «нуқтаи лозимӣ» мерасад. Масалан, равзанаи  «Кор дар МегаФон» соҳиби смартфонро ба  сомонаи  jobfm.tj мебарад, ки дар он ҷо вазифаҳои  озодро   пайдо кардан мумкин аст.         

Суроға (диплинк)-ҳо  – роҳи  кӯтоҳ  ба сӯи маълумот  

Зимнан, масири  иттилоот  низ  соддатар  карда шудааст. Истифодаи суроғаҳои бевосита  (диплинкҳо)  имкон медиҳад, ки соҳибони дастгоҳҳои Android ва iOS   ба  бахши лозимии  замимаи MeгаФон  Life гузаранд.  Масалан, ҳангоми гирифтани SMS бо пешниҳоди тамошои блокбастери нав, корбар тариқи суроғаи воридшуда   ба саҳифаи  иқдоми дахлдор  дар замима мегузарад.   Ҳамин тариқ, роҳ чанд қадам кӯтоҳтар шуд ва  дар хотир гирифтани  тартиби амалҳо   дигар лозим нест,  зеро  онҳо  бо истиноди бевосита   иваз карда мешаванд.      

Мушаххаскунӣ (идентификатсия)  дар  дохили  замима          

Мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон», дар радифи дигар имкониятҳои  қулай,  пешниҳод карданд, ки тартиби идентификатсияи   фосилавии истифодабаранда    соддатар  карда шавад. Акнун   метавонед онро бевосита дар замима, бидуни гузариш ба  сомона,  анҷом диҳед. Инчунин, бо ин роҳ вақт камтар сарф карда  шуда,  маҳорати  корбар меафзояд.          

«МегаФон Life» ҳарчи  бештар ба як воситаи муфиду  қулай ва функсионалӣ табдил  ёфта, он барои  рафъи  аксари  эҳтиёҷоти   ҳаррӯза кӯмак мерасонад.  SuperApp –ро  боргирӣ намоед ё  онро то  сатҳи намунаи охирин  нав карда,  аз тамоми имкониятҳои замима баҳравар гардед!  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *