Суғд: Беш аз 75 ҳазор кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб мешаванд

Дар вилояти Суғд соли равон беш аз 75 ҳазор кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин кӯдакони ятиму бепарастор, хонандагони аълохон, ғолибони озмуну олимпиадаҳои сатҳи маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо роҳхатҳои ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Яке аз калонтарин марказҳои истироҳатию солимгардонии вилояти Суғд, ин  лагери  «20-солагии Истиқлолият» мебошад. Истироҳатгоҳ дорои 6 бинои хобу фароғат, ошхона, толори кино, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ, майдончаҳои варзишӣ ва 3 ҳавзи шиноварӣ буда, имкони дар як баст қабул намудани то 360 нафар хонандаро дорад.

Ҳоло дар ҳудуди вилоят, дар умум 10 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 741 рӯзонаи наздимактабӣ, 103 истироҳатию меҳнатӣ ва 102 варзишию беҳдоштӣ фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *