Сӯхтори маргбор  дар Ҳонгконг боиси марги  13  кас гардид

Сӯхтори шадид дар як бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар Ҳонгконг боиси ҳалокати 13 нафар ва ҷароҳат бардоштани 15 нафари дигар гардидааст. Ҳодиса рӯзи чоршанбе 26 ноябр,  дар маҷмааи истиқоматии «Ванг Фук» дар минтақаи Тай По рух додааст.

Бар асоси иттилои мақомоти маҳаллӣ, беш аз 700  сӯхторхомӯшкун  барои хомӯшсозии оташ сафарбар шудаанд. Сокинони  биноҳои осебдида ба паноҳгоҳҳои муваққатӣ интиқол ёфтанд. Сабаби сӯхтор то кунун муайян нашудааст, аммо масъулон эҳтимол медиҳанд, ки паҳншавии босуръати он ба сабаби истифодаи чӯб дар бомҳои бино мебошад.  

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки нӯҳ нафар дар маҳалли ҳодиса ва чор нафари дигар пас аз интиқол ба беморхона ҷон бохтаанд. Дар байни ҳалокшудагон инчунин як нафар аз сӯхторхомӯшкун низ ҳаст.

Маҷмааи истиқоматии «Ванг Фук» аз ҳашт блок иборат буда, тақрибан 2 ҳазор манзил ва ҳудуди 4 ҳазор сокин дорад.

 Ҳанӯз мушаххас нест, ки дар замони шурӯъи оташсӯзӣ чанд нафар дар сохтумонҳо будааанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *