Тағийроти кадрӣ дар вазорати маориф

Имрӯз, 18 март бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар чанд сохтори давлатӣ,  аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм,  нақлиёт ва муассисаҳои олӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Ҳомид Ҳошимзода муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гардид. Ин курсӣ пас аз рафтани Ҷамшед Ҷӯразода ба ҳайси муовини раиси вилояти Суғд беш аз 2 моҳ инҷониб холӣ буд.
Ҳомид Ҳошимзода то ин муддат ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,  бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буд. Номбурда доктори илмҳои иқтисодӣ,  профессор мебошад. 

Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *