Тағироти кадрӣ дар Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ
Имрӯз, 12 феврал бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисайнзода Назрулло ва ба вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд Мирзозода Саидшоҳ Давлат таъин гардиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, намояндагони низомии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва назди созмонҳои минтақавӣ ва сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони воҳидҳои низомӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъутомҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибтахассуси низомӣ таъин карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ