Тағйирот дар сафари Ҳаҷ

Баъд аз ин барои ба Ҳаҷ рафтан , шаҳрвандон наметавонанд дигар тавассути ширкатҳои хориҷӣ сафар кунанд. Арабистони Саудӣ эълон кард, ки танҳо онҳое иҷозаи вуруд ба Маккаро доранд, ки раводиди махсуси Ҳаҷро дарёфт карда бошанд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аз сокинон хоҳиш кардааст, ки барои адои маносиқи Ҳаҷ танҳо ба ин ниҳод муроҷиат намоянд, зеро ширкатҳои хориҷӣ дигар иҷозаи қонунии сафарбар карданро надоранд.

Ба гуфтаи масъулин, ба афроде, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ мераванд, ҷарима, ҳабси то 6 моҳ ва манъи вуруд ба Шоҳигарӣ ба муҳлати 10 сол таҳдид мекунад.

Қаблан Кумитаи дин арзиши Ҳаҷ-2025-ро барои зоирони тоҷик 56 800 сомонӣ муайян кард, ки нисбат ба соли гузашта 200 сомонӣ камтар аст. Сафари зоирон ба Макка дар нимаи дуюми моҳи май шурӯъ хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *