Тағйироти кадрӣ дар Хатлон
Нусратулло Ҳақназарзода, муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ ва Азизулло Ализода, муовини якуми раиси ноҳияи Кӯшониён таъин шуданд.
Нусратулло Ҳақназарзода чанд сол сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар” ва сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ фаъолият кардааст.
Азизулло Ализода таҷрибаи зиёди кор дар Кумитаи идораи заминро дорад. Ӯ ҳам бештар аз чор соли охир раиси Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Кӯшониён буд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Кӯшониён ва Панҷ таъингардидаро барои суҳбат қабул намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ