Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи телевизион ва радио

Директори телевизиони “Тоҷикистон” Искандарзода Самандар ва директори телевизиони “Илм ва табиат” Саидмукаррам Шарифзода таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, бо фармоиши раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандар Искандарзода ба вазифаи директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Раҳматулло Хайруллозодаро иваз кард.

Самандар Искандарзода аз соли 2009 дар шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон ва муовини сармуҳаррир фаъолият намудааст.

Самандар Искандарзода ду соли охир вазифаи мушовири калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *