Тағйироти кадрӣ дар Вазорати тандурустӣ

25 июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор таъйинотҳои навро дар сатҳи роҳбарикунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дод.

Саломиддин Юсуфӣ ба ҳайси муовини аввал ва Хайрулло Ҳабибуллозода муовини вазир таъйин шуданд.

Онҳо ҷойгузини Ғафур Муҳсинзода ва Шодихони Ҷамшед гардиданд, ки аз вазифа озод шудаанд. Сабаби аз мақом рафтани онҳо ва эҳтимоли таъиноти навашон ҳанӯз расман эълон нашудааст.

Саломиддин Юсуфӣ то ҳол сардори Раёсати таҳсилоти тиббӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат буд. Хайрулло Ҳабибуллозода бошад, дар вазифаи сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд фаъолият мекард.

Президенти кишвар зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин ба истифодаи самараноки захираҳо, ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва таҳкими масъулияти хизматӣ таъкид кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *