Тағйироти кадрӣ дар ВКД

Имрӯз, 7 июн дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ таъйироти кадрӣ сурат гирифт.

Файзулло Баротзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Душанбе баканор ва ба ҷойи ӯ Шоҳрух Саидзода таъйин шуд.

Ҳамчунин, Абдулло Навҷувонов аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд озод шудааст.

Сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия аз вазифа озод шуданд ва ба ҷоияшон нафарони нав таъин гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *