Тақвими рӯз: Аз аввалин микропросессори Intel то Рӯзи ҷаҳонии партов

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Карим РАҲИМ (1927-2010), 95-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

Андрей ХАРЧЕНКО (1907-1986), 115-солагии зодрӯзи генерал-майор.

Лазер РИМПЕЛ (1907-1974), 115-солагии зодрӯзи доктори илми санъатшиносӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Аз таърих:

— 50 сол пеш Intel аввалин микропросессори худ — 4004-ро баровард. Микропротсессори чор-бита Intel 4004 маҳз ҳамин гуна дастгоҳ гардид.

Он ба андозаи як нохун буд ва қудрати коркарди аввалин компютери электронии ENIAC-ро дошт, ки соли 1946 сохта шуда буд.

— 87 сол муқаддам дар ҳамин рӯз дар СССР аввалин телевизиони садоӣ ба амал омад: он 25 дақиқа давом кард ва консерти эстрадӣ буд. Артисти машҳур И. Москвин повести Чехов «Таҷовузкор»-ро хонда дод, баъд сароянда ва раққосони балет баромад карданд. Ин пахши аввалин ва баромадҳои дигар ҳунарпешаҳои маъруф, ки баъд аз он резонансҳои зиёд доштанд, боиси афзоиши бениҳоят босуръати шумораи «ҳаваскорони телевизион» ва таваҷҷуҳи зиёд ба намуди нави алоқа гардид. Ҳамин тариқ, дар Русия пахши мунтазами телевизиони садоӣ оғоз ёфт.

— Соли 1933 дар Москва ҳаракати мунтазами троллейбусҳо cap шуд. Имрӯз шабакаи троллейбусҳои Маскав панҷумин шабакаҳои қадимтарин дар ҷаҳон ва яке аз калонтарин шабакаҳои сайёра мебошад. 25-уми августи соли 2020 ҳаракати троллейбусҳо дар Маскав комилан қатъ карда шуд, автобусҳо ва автобусҳои электрикӣ дар хатсайрҳои троллейбусҳо ҳаракат карданд.

— Ҳамасола 15-уми ноябр дар як қатор кишварҳо Рӯзи ҷаҳонии коркарди партовро ҷашн мегиранд. Ҳадафи асосӣ ҷалби таваҷҷуҳи мақомот, сохторҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолӣ ба ин мавзуъ аст. Зеро дар ҷаҳони муосир проблемаи ҷамъшавии партовҳо махсусан тезутунд аст.

Аз як тараф, захираҳои сарватҳои табиии дар рӯи замин мавҷудбуда номаҳдуд нестанд. Истифодаи беақлонаи онҳо ба он оварда расонд, ки имрӯз инсоният тақрибан сеяки ин захираҳоро сарф кардааст. Аз ин рӯ, онҳоро сарфакорона харҷ кардан, дар айни замон ҷустуҷӯи алтернатива ба онҳо ва бо кор фармудани ашёи хоми аллакай истифодашуда машғул шудан зарур аст.

Одамон тонна-тонна халтаҳои полиэтиленӣ, ҳар гуна борпеч, шина, асбобу анҷоми рӯзгор ва дигар партовҳоро мепартоянд, ки пора-пора шудани онҳо садҳо сол давом мекунад. Бинобар ин, мушкилоти коркарди партовҳо барои тамоми инсоният як аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.