Тақвими рӯз: Аз мавлуди Назрӣ Ёров то рӯйдодҳои ҷаҳон

Имрӯз, 24 октябр мавлуд доранд:

Людмила Ашмарина (1951), 70-солагии зодрӯзи забоншинос.

Ҳусайн Баҳодуров (1946), 75-солагии зодрӯзи жур­налист.

 Назрӣ Ёров (1941), 80-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор.

Муҳиддин Исохонов (1921-1966), 100-солагии зодрӯзи актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

24 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид.

***

Рӯзи байналмилалии иттилоот оид ба рушд.

***

Рӯзи кормандони дипломатии Қирғизистон.

РӮЙДОД:

24 рӯзи соли 2018  Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин устоди кафедраи забони тоҷикӣ ва адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон Холмаҳмад Холовро бо медали «Пушкин» қадрдонӣ намуд.

 ***

24 октябри соли 1945 оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

***

24 октябри соли 2005 дар ҷаҳон нахустин қаторае ба фаъолият оғоз намуд, ки бо гази табиӣ кор мекард. 

***

24 октябри соли 1857 хатмкунандагони Донишгоҳи Кембриҷ дар шаҳри Шеффилди Англия аввалин шуда, дар ҷаҳон дастаи футбол  таъсис доданд.

***

24 октябри соли 1996 дар ҷануби Ветнам бар асари омадани сел 118 нафар ҷони худро аз даст доданд.

24 октябри соли 1986 дар Лондон нахустин мағозаи фурӯши пластинаҳои мусиқие, ки дар он садо сабт менамуданд, ба фаъолият оғоз намуд.

***

24 октябри соли 2000 дар осорхонаи мисрии Берлин ягона соядасти Клеопатра дар ҷаҳон пайдо карда шуд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *