Тақвими рӯз: Аз мавлуди Ёров то Рӯзи кормандони роҳи оҳан

Имрӯз, 4   ноябр мавлуд доранд:

Қурбон Ёров (1911-1981), 110-солагии зодрӯзи агроном, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ.

Дмитрий Мансуров (1911-1982), 110-солагии зодрӯзи генерал-майор.

Борис Полянский (1931), 90-солагии зодрӯзи олими соҳаи геология.

4 ноябр таҷлил карда мешавад:

Дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.

Ҳаводис:

4 ноябри соли 1899 китоби машҳури Зигмун Фрейд «Таъбири хоб» нашр шуд

***

4 ноябри соли 1967 манораи телевизионии «Останкино» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

***

4 ноябри соли 1981 Осорхонаи марказии Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ифтитоҳ гардид

4 ноябри соли 2017 Чемпиони  Тоҷикистон -дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ  бозӣ анҷом дода, бо соҳиб шудан ба ҷои дуюм  500 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

***

4 ноябри соли 1862 ихтироъкори америкоӣ Р. Гатлинг «Оташи тез» (пулемёт) ихтироъ кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.