Тақвими рӯз: Аз Рӯзи ихтирои динамит то мубориза зидди хушунати занон

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Уктам БОБОЕВ (1932-2001), 90-солагии зодрӯзи доктори илми таърих, профессор.

Бобоҷон ШАМСИЕВ (1942), 80-солагии зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Манзура АЛИҶОНОВА (1957), 65-солагии зодрӯзи олими соҳаи иқтисод.

Аз таърихи ҷаҳон:

— 155 сол пеш — 25-уми ноябри соли 1867 дар таърих ҳамчун Рӯзи ихтирои динамит ворид шуд. Дар асл, динамит каме пештар ихтироъ шуда буд. Аммо патенте, ки муаллифӣ ва ҳуқуқи истеҳсоли ин маводи таркандаро тасдиқ мекунад, ҳамон рӯз аз ҷониби як химик, муҳандис ва ихтироъкори шведӣ гирифта шуд. Сухан дар бораи Ҷоизаи Нобел ва шахсе меравад, ки ба шарофати ӯ пайдо шудааст — Алфред Нобел.

— Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон таҷлил мешавад. Асоси таърихии рӯз воқеае буд, ки соли 1960 дар Ҷумҳурии Доминикан ба вуқуъ пайваст. Бо фармони диктатори Доминикан Рафаэл Трухило се хоҳари Мирабал, ки фаъолони сиёсӣ буданд, ваҳшиёна кушта шуданд.

Имрӯз то 70 дарсади занон аз хушунати хонаводагӣ азият мекашанд. Тибқи маълумоти СММ, 35% занон ва духтарон дар ҷаҳон дар давоми умри худ ба ягон намуди зӯроварии ҷисмонӣ ва ё ҷинсӣ дучор мешаванд, дар саросари ҷаҳон тақрибан 750 миллион занон ва духтарон то синни 18-солагӣ издивоҷ кардаанд, 71%-и қурбониёни хариду фурӯши одамонро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки аз 4 нафари онҳо 3 нафарашон мавриди истисмори ҷинсӣ қарор доранд.

Бо вуҷуди ин, дар як қатор кишварҳо оқибатҳои зӯроварӣ нисбати занон барои наслҳо боқӣ мондаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.