Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Ҳомид Норов то Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Ҳомид НОРОВ (1947), 75-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор, академик.

Абдумалик ВАЛИЕВ (1952), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи кишоварзӣ.

Ҳошимбек АЛИЕВ (1952), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи математика.

Саидаҳмад ЗУБАЙДОВ (1957), 65-солагии зодрӯзи олими соҳаи техника.

Виталий ҲАЙДАРОВ (1952), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи таърих.

Аз таърихи ҷаҳон:

— 77 сол пеш мурофиаи Нюрнберг — мурофиаи ҷинояткорони ҷангии Рейхи сеюм оғоз ёфт. Мурофиаи Нюрнберг аввалин додгоҳи байналмилалӣ дар таърих аст, ки таҷовузро ҳамчун сангинтарин ҷиноят эътироф кардааст. Он то 1-уми октябри соли 1946 давом кард. Ба ҷуз се нафари муттаҳам ҳама дар иттиҳомоти мазкур гунаҳкор дониста шуда, баъзеро ба қатл овехта, дигаронро ба ҳабси абад маҳкум карданд. Танҳо чанд нафар аз 10 то 20 соли зиндон маҳкум шуданд. Трибунал СС, Гестапо, СД ва роҳбарияти партияи миллатгароро ташкилотҳои ҷиноятӣ эълон кард.

— Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад. Ин рӯз рӯзест, ки Ассамблея дар соли 1959 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва соли 1989 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кардааст.

Тибқи маълумоти СММ, ҳамасола 11 миллион кӯдак пеш аз расидан ба зодрӯзи панҷуми худ мефавтанд ва даҳҳо миллиони дигар бемори ҷисмонӣ ё руҳӣ боқӣ монда, наметавонанд калон шаванд, зиндагӣ ва рушд кунанд. Аксари ин маргҳо аз бемориҳои ба осонӣ пешгирӣ ё табобатшаванда мебошанд; дигарон, оқибатҳои харобиовари фақр, нодонӣ, табъиз ва хушунат.

Ассамблеяи Генералӣ ба ҳамаи кишварҳо тавсия дод, ки таҷрибаи таҷлили ин санаро ҳамчун рӯзи бародарии умумиҷаҳонӣ ва ҳамдигарфаҳмии кӯдакон, бахшида ба фаъолиятҳо ба таъмини некӯаҳволии кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷорӣ кунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.