Тақвими рӯз: Рӯзи милитсия ва Рӯзи байналмилалии ҷавонон

Имрӯзи соли 1961 шаҳри Сталинобод ба Душанбе ивази ном кард.

Имрӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Имрӯзи соли 2012 масоили мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои энергетика, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва сарҳадҳо муҳокима гардид.

Имрӯзи соли 2013 дар шаҳри Ваҳдат дар паи заминларза 118 хона пурра хароб шуда 259 манзил қисман хароб шуданд ва 12 кас ҷароҳат бардоштанд.

Имрӯзи соли 2014 аз Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи милитсияи тоҷик ба 50 нафар хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим карда шуд.

Имрӯзи соли 2015 масоили ҳамкории судманд ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бритониёи Кабир баррасӣ гардиданд.

Имрӯзи соли 2017 Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар робита ба муваффақона гузаронидани бозии Ҷоми КФО -2017 раҳматнома фиристод.

Имрӯзи соли 2019 Хушқадам Хусравов, самбочии тоҷик дар вазни 62 кило дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Имрӯзи соли 2019 таеквондочии ҷавони кишвар Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин сазовори медали нуқра гардид.

10-уми ноябр дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия қайд карда мешавад.

10-уми ноябр Рӯзи байналмилалии ҷавонон дониста мешавад.

10-уми ноябр Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд қабул шудааст.

Имрӯзи соли 1775 флоти ҳарбии ИМА таъсис дода шуд.

Имрӯзи соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон таъсис ёфт.

Имрӯзи соли 1957 дар Лос-Анҷелес рекорди қатъии иштироки мухлисон дар бозии футбол гузошта шуд- бозиро 102 ҳазору 368 нафар мухлисӣ карданд.

Имрӯзи соли 1994 Ироқ истиқлолияти Кувайтро эътроф намуд.

Имрӯзи соли 1997 дар ИМА аввалин маротиба ҳукми суд дар интернет паҳн гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *