Тағироти кадрӣ.Кӣ чӣ вазифа гирифт?

28 май Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус ва ғайра таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

“Ба вазифаҳои директори Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, муовини вазири кишоварзӣ, муовини вазири нақлиёт, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик», ректорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону соҳибтахассус таъин гардиданд”,-иттилоъ дод хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон даъват намуд.

Шинос шавед:

-Розиқзода Ҷумъахон Ҷаъфар, директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Борбад»;

Аҳмадзода Баҳромҷон Раҷаб, муовини вазири кишоварзӣ;

Бобоёрзода Бобоёр Тавар,  муовини вазири нақлиёт;

Шарифзода Муҳамадзариф Раҳмон, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

Зуҳурзода Саид Холаҳмад, директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ;

Ҳомидзода Бобоҷон Ҳомид, муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус;

Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;

Сафарзода Мунир Ватан, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;

Саидзода Назаралӣ Муродалӣ,      директори КМДҶ «Тиллои Тоҷик»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *