Киёмиддин Давлатзода

Тағйироти кадрӣ. Кӣ озод шуду кӣ мансаб гирифт? Ном ба ном

Имрӯз, 19 январ бо амру қарорҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз ниҳодҳои давлатӣ  тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Озод шуданд:

Давлатзода Қиёмиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Нӯъмон Шаҳлобону бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Каримзода Тоҳир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муродзода Дустмурод Ҳайит бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Баротзода Бобохон Хол бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъин гардиданд:

 Давлатзода Қиёмиддин муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Маҳмадзода Сафарали Маҳмад сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Нодирзода Иматшо сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *