Саидалӣ Сиддиқ

Тағйироти кадрӣ: Шамсиддинзода ба ҷойи Саидалӣ Сиддиқ

Имрӯз, 19-уми январ бо як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Гуфта мешавад, ки сабаби аз вазифа озод гардидани Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ ба нафақа баромадан будааст.

Ҳамчунин, бо қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин қабл аз ин ба ҳайси муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *