Тағйирёбии иқлим. Дар Тоҷикистон филм ба навор мегиранд

Дар бораи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон филми мустанади тадқиқотӣ ба навор гирифта мешавад.
Филми мустанад фарогири вазъи иқлим ва обшавии пиряхҳои Тоҷикистон дар 60 соли охир мебошад.
Одина Маҳмад, коргардони филм мегӯяд, ки гурӯҳи корӣ аллакай корро аз моҳи январи соли равон шуруъ кардаанд.
“Мо ҳамкориро бо ниҳодҳое, ки дар самти иқлим ва омӯзиши пиряхҳо машғуланд, оғоз кардем. Албатта, 60 соли вазъи иқлим ва раванди обшавии пиряхҳои Тоҷикистонро дар филм ҷой кардан мушкил аст. Вале мо тасмим дорем бештар ба графика ва диаграммаҳо такя намоем”, — гуфт Одина Маҳмад.
Ба андешаи мутахассисони соҳа ба навор гирифтани чунин филм дар шароити имрӯз хеле муҳим аст.
Зеро бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷонби СММ қатънома қабул гардидааст.
Бино ба маълумоти охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Дар Тоҷикистон айни ҳол “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” низ амалӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ки филми мустанади тағирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои Тоҷикистон моҳи июли соли равон ба анҷом мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *