Тақдими мукофотҳои давлатӣ ба сарбозону афсарони кишвар дар арафаи 34-солагии Истиқлол
Имрӯз, 28 август дар Қасри миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои олии ҳарбиро тақдим намуданд.
Сарвари давлат дар суханронии худ нақши Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомиро дар ҳифзи истиқлол, амният ва суботи ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки хизмат ба Ватан шараф ва ифтихори ҳар ҷавонмард аст.



Ба сарбозону афсарон орденҳо, медалҳо ва унвонҳои фахрӣ тақдим гардид. Чор сарбози қаторӣ аз қушунҳои сарҳадӣ низ барои шуҷоату матонат дар ҳифзи марз бо медалҳо қадрдонӣ шуданд.
Президенти кишвар изҳори итминон карданд, ки низомиён минбаъд низ тамоми донишу малакаи худро барои ободии Ватан, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишвар равона месозанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ