Тақвими рӯз: Аз мавлуди Ҳалимов то Рӯзи себу ширинӣ дар ҷаҳон
Имрӯз, 21 октябр мавлуд доранд:
Сайфура Зоҳирова (1921), 100-солагии зодрӯзи пахтакор, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ.
Марианна Фофанова (1921), 100-солагии зодрӯзи шоира, мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Мафтун Ҷӯра (1951-2008), 70-солагии зодрӯзи шоири узбекзабони Тоҷикистон, мутарҷим.
Мӯъминҷон Ҳалимов (1936-1984), 85-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.
Алим Шоҳмамадов (1951), 70-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика.
21 октябр таҷлил карда мешавад:
Дар ИМА — Рӯзи ширинӣ.
***
Дар Британияи Кабир — Рӯзи себ
Рӯйдод:
21 октябри соли 2009, дар Душанбе намояндагии Бонки Авруосиёии Рушд ифтитоҳ гардид.
***
21 октябри соли 2014 Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия ва Донишгоҳи «Сока» — и Япония созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
***
21 октябри соли 1994 Академияи телевизионии Россия ҷоизаи ҳамасолаи «ТЭФИ»-ро таъсис дод.
***
21 октябри соли 1997 Президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи аз 10 декабри ин сол пойтахти нави ин кишвар эълон кардани шаҳри Акмола, ки баъдан номи Остонаро гирифт (ҳоло Нур-Султон), қарор қабул намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ