Тақвими рӯз: Аз мавлуди Вайдуллоев то рӯйдодҳои ҷаҳон
Имрӯз, 12 октябр мавлуд доранд:
Ҳаким Абдумаҷид (1936-2012), 85-солагии зодрӯзи шоир.
Ҳамид Вайдуллоев (1946), 75-солагии зодрӯзи журналист.
Абдусамеъ Очилзода (1911-2000), 110-солагии зодрӯзи журналист.
Абдуллоҷон Ҳоҷиев (1921-2010), 100-солагии зодрӯзи олими соҳаи техника.
12 октябр таҷлил карда мешавад:
Дар Россия рӯзи кормандони соҳаи кадрӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит.
***
Дар Арманистон рӯзи мубориза бо тамокукашӣ.
Рӯйдод:
12 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Оғохони IV Маркази исмоилияи шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд.
***
12 октябри соли 1950 дар ИМА нахустин мактаби тиббии занона — Коллеҷи тиббии Пенсилвания кушода шуд.
***
12 октябри соли 1901 Теодор Рузвелт қароргоҳи Президенти ИМА — ро расман «Қасри сафед» номгузорӣ намуд.
***
12 октябри соли 2018 дар Бӯстонсарои ҳукуматии «Кохи Сомон» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ