Таҳмина: «Сафина» бароям мактаб аст

Суҳбати ман бо Таҳмина Ҳасан Тоҷиддин, сармуҳаррири  Идораи барномаҳои ҷавонӣ,  зебоӣ ва варзиши Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар дафтари кории мавсуф сурат гирифт. Таҳмина ҳар суханро мисли оне, ки зарро дар тарозу бар мекашида бошад, ботаҳаммул санҷида, ба забон меовард. Лаҳни ширин ва гуворои ӯ водор месохт, ки камтар савол диҳам ва бештар гӯш кунам.

«Пеш аз он, ки барномаҳои  «Инсон ва ҳуқуқ» , «Ёди рӯзгори ширин»,  «Беназир», «Фасли иршод», «Ахтари адаб», «Раҳнамои зиндагӣ», «Ҳомиёни Ватан» пешкаши тамошобинон гарданд, шуҳрат пайдо кунанд, зери парда заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари сахтгири мо низ ниҳон аст», — мегӯяд Таҳмина. 

Таҳмина   дар оилаи ҳуқуқшиносон ба дунё омада, камол ёфтааст. Хамеша дар дил орзуи журналист шуданро мепарварид ва як тасодуфе ӯро ба дарёи пуртуғёни рӯзноманигорӣ андохт. 22 июли соли 2004 дар ҳузури  Пешвои миллат баромад кард. Ҳунари волои барандагии Таҳмина аз нигоҳи  Ҷаноби Олӣ дар канор намонд ва ӯро сарнавишт ба факултети журналистикаи ДМТ овард. Ӯ аз мактаби Иброҳим Усмонов, Абдусаттор Нуралиев, Асадулло Саъдуллоев дарси журналистика меомӯзад ва дар як вақт бо «Сафина» ҳамкориро ба роҳ мемонад. Таҳмина мегӯяд: 

— «Сафина»  бароям мактаб аст, ман аз он дарси журналистӣ омӯхтам.

Аввалин барномаи Таҳмина  «Ахтари адаб»  ном дошт, ки дар бораи рӯзгори бузургони миллат, шоирону нависандагон қисса мекард. Барномаи «Ёди рӯзгори ширин» яке аз беҳтарин ва муваффақтарин барномаҳост. Ин барнома тӯли се сол аст, ки пахш мегардад…  Дар барномаи мазкур чеҳраҳои машҳури фарҳангу адаб, аз ҷумла Ҷӯрабек Муродов , Давлатманд Холов, Назри Яздон, Афзалшоҳ Шодиев ва дигар шахсиятҳои машҳур иштирок доштанд.

Ҳоло Таҳмина Ҳасан Тоҷиддин на танҳо журналисти варзида, балки роҳнамо, устоди ҷавононе ҳаст, ки мисли ӯ орзуи журналист шуданро доранд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *