Таҷовузкор баъд аз се соли ҷиноят 25 сол гирифт

Дар ноҳияи Данғара мардеро барои таҷовузи духтараш 25 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Бино ба итиллои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, А.А тобистони соли 2017 ба номуси духтари 16-солааш дастдарозӣ кардааст.

Ӯ шабонгаҳ ба ҷойи хоби духтараш омада, новобаста ба муқовимату доду фарёди духтар, даст ба ҷиноят задааст. Тафсилоти дигари ин ҷинояти мудҳиш гуфта нашудааст. Маълум нест, ки духтар дар чӣ вазъе қарор дорад ва чаро ҳукм баъди се соли содир кардани ҷиноят эълон шудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон А.А. ба мӯҳлати 25 сол ҳабс шуд. Ӯ мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *