Таҳмина Раҷабова қаҳрамони нави узбекфилм

Рустам Саъдиев коргардони машҳури узбакистонӣ дар филми машҳури «Борон», ки рӯзҳои наздик қисми дуюмаш ба навор гирифта мешавад, 5 ҳунарманди машҳури тоҷикистониро ба нақшофарӣ даъват намудааст.

Тавре як манбаъи муътамад хабар додааст, 5 ҳунарманди тоҷик аз ҷумла Тахмина Раҷабова, Қурбони Собир ва се ҳунарманди дигарро ки бисёр ҳам маҳорати хуби нақшофарӣ доранд ин коргардон ба ҳамкорӣ даъват кардааст.

Ҳунарпеша ва натоқи машҳури телевизионҳои тоҷик Таҳмина Раҷабова дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Тajikistantimes.com» гуфт, ки аз ин даъвати коргардони узбекистонӣ бисёр шод аст ва омода аст, ки риштаи ҳамкориҳояшро бо машҳуртарин актиёрони ӯзбек бипайвандад. Тахмина Раҷабова ҳамчунин иброз намуд, ки сенарияи силсилафилми «Борон» — рузҳои наздик ба дасташ мерасад ва баъди бо сенария шинос шудан, ӯ қарорашро дар мавридӣ ҳамкорӣ ба коргардон хоҳад расонд.

 «Тоҷикфилм» низ дар бобати ҳамкорӣ қайд кард, ки индаъвати коргардони узбекро хуш пазируфтаанд ва рӯзҳои наздик омодагии сафар барои нақшофарӣ дар назар аст.

«Борон» нахустин филми муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар солҳои истиқлолият хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Узбакистон доир карда шуд, ки дар ҷараёни онҳо миёни Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ва агентии «Ӯзбеккино» тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тибқи ин санад, минбаъд киностудияҳои ду кишвари ҳамсоя ва дӯст ҳунармандони худро барои иҷрои нақшҳо ба филмҳояшон даъват намуда, аз имкониятҳо ва таҷҳизоти ҳамдигар бемамониат истифода ва ба паҳн намудани филмҳояшон дар кишварҳои ҳамдигар мусоидат менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *