Тағйирот дар самти ҳаракати микроавтобусҳои №11

Аз имрӯз, 2 июл  дар хатсайри рақами №43 миқдори автобусҳои нави замонавии тамғаи «AKIA»  зиёд карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти микроавтобуси №11  тариқи хиёбону кӯчаҳои А.Ҷомӣ, Соҳилӣ, академик Раҷабовҳо ва самти бозгашт кӯчаҳои С. Шерозӣ, Соҳилӣ  ва  А.Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад. 

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд,   ин амал бо  мақсади кам кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи А. Қаҳҳоров ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии он   ба роҳ монда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  шаҳри Душанбе мерасонад, ки  сабаби тағйирот дар  самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар, ки  рӯзҳои охир  ба назар мерасад,  ин  ҷараён доштани корҳои  таъмиру навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди пойтахт мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *