табибон

Табибони Хатлон ҷарроҳиҳои навро гузарониданд

Танҳо давоми як соли гузашта дар вилояти Хатлон 25 намуди амалиёти нави ҷарроҳӣ, ки қаблан дар муассисаҳои тандурустии вилоят гузаронида намешуд, ба роҳ монда шудааст.

Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Яке аз ин намудҳо бо усули нави ҷарроҳии найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ гузаронида шудааст. Ин ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар беморхонаи мазкур амалиёти ҷарроҳии бурида гирифтани думи ғадуди зери меъда бо киста низ ба роҳ монда шудааст.

Дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидови шаҳри Бохтар бошад, бо ташхиси «тангшавии роҳҳои пешобрав» амалиёти ҷарроҳии «ретеропластикаи аугментатсионӣ» бо истифодаи пардаи луобии лунҷ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар ин беморхона амалиёти ҷарроҳии «эхинококози шушҳо» бо усули торакоскопӣ тариқи видеоассистентӣ ва ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш гузаронида шудаанд.

Соли гузашта табибони Хатлон усулҳои дигари ҷарроҳиро муваффақона гузарониданд, ки боиси коҳиш ёфтани теъдоди беморони хориҷарав гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз кори табибони тоҷик интиқод карда, гуфта буд, ки махсусан мақомдорон ҳатто барои муолиҷаи дарди сар ба хориҷа мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *