Тафсилоти ҳодисаи кордзанӣ дар бозори Панҷакент

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори захмӣ кардани як духтарчаи хурдсол дар бозори марказии шаҳри Панҷакент, ки чандест чарх мезад, аз ҷониби мақомот тавзеҳ дода шуд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи  Раёсати ВКД дар вилояти Суғд зимни  суҳбати телефонӣ бо Pressa.tj  ҳодисаро шарҳ дода, афзуд, ки ҳоло гумонбар дастгир шудааст.

Шахси номаълум 16 феврал дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Панҷакент гаштугузор намуда, бе ягон сабаб духтарчаи ноболиғро, ки бо ҳамроҳии модараш дар бозори мазкур сайругашт дошт, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

18 феврал бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди ин кирдорро содиркарда аз тарафи кормандони ШВКД Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Панчакент дастгир карда шуд.

 Ӯ сокини 53-солаи ҷамоати деҳоти Шинки шаҳри Панҷакент будааст.

Ҷабрдида бошад, духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр буда, баъди дастрас шуданаш ба бемористон ва гирифтани табобати зарурӣ рӯзи гузашта ба хона рухсат дода шудааст, -гуфт Акбар Шарифӣ.

Ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *