Тафсилоти офатҳои табиии 21 апрел аз забони КҲФ

Давоми як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар шамоли шадид, ҷамъшавии селу  сангпораҳо ба қайд гирифта шудааст.

 Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.

Санаи 21 апрел соати 09:50 –и субҳ дар 423 ва 427 км роҳҳои мошингарди Душанбе – Дарвоз-  Ванҷ – Хоруғ сангрезӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа ин қитъаҳо баста  ва ҳамон рӯз тозаву  роҳ кушода шуд.

Ҳамзамон, дар натиҷаи обшавии шадиди барф, соати 10:43 дақиқа дар 29 км роҳи автомобилгарди Рӯшон – Бартанг сел омад. Дар натиҷа роҳ баста шуда, айни замон корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои офат идома доранд.

Худи ҳамин рӯз соати 19:45  шамоли шадид боми хонаи истиқоматии сокини деҳаи Делохи ноҳияи Ишкошимро канда бурд.

Ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи офатҳои табиии 21 апрел, қурбониён нестанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 22-юми апрел хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *