Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомию қудратӣ

Имрӯз, 22 июл дар сохторҳои низомию қудратии Тоҷикистон тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо”, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситоди Агентии назорати маводи нашъаовар, муовини якуми раиси Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини якуми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия кадрҳои соҳибтахассус ва ҷавону варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд.

бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, кадрҳои корозмудаи ин соҳаҳо ба вазифаҳои командирони қисмҳои низомӣ, комиссарони ҳарбӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои Вазорати мудофиа, роҳбарияти чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар якчанд шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои гуногуни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва роҳбарони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд ва ноҳияи Ёвон таъин карда шуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба мардум ва давлати Тоҷикистон, муомилаи хуб бо мардум, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, дуруст ба роҳ мондани мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфта, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии шароити ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва бо касбияти баланд тарбия намудани кадрҳои ҷавон ва дар маҷмуъ ба омодагии ҳамаҷониба ба ҳифзи марзу бум ва амну суботи кишвар ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва кор бо шаҳрвандон манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар ҳамеша бояд дар ҷои аввал гузошта шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *