Алишер Мирзонабот: Хизматчиёни давлатӣ бояд ба иғвогарон ҷавоб диҳанд!

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ имрӯз, 29 ноябр ҷаласаи корӣ баргузор кардааст. Дар ин ҷаласа масъалаи калидӣ вазъи чанд рӯзи охир ба амал омада дар шаҳри Хоруғ будааст.

“Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар суханронияш гуфт, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва ахбороти беасос набояд бовар кард.

Махсусан, хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки ба ҳамин гуна иғвоҳо ҷавоби сазовор дода, дар доираи қонунгузории кишвар фаъолияти худро ба роҳ монда, бобати амалӣ намудани нақшаҳои фаъолият, ки ба созандагию бунёдкорӣ нигаронида шудаанд, саъю кӯшиш намоянд”. –иттилоъ додааст сухангӯи раис Ғолиб Ниятбеков.

Инчунин, дар ҷаласа масъалаҳои дигар, аз ҷумла, омода намудани муассисаҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ ба зимистони дарпешистода, захира намудани маводи ғизоӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва сӯзишворӣ ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани техникаи роҳтозакунӣ дар роҳҳои вилоят, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозор мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Масъулин вазифадор шудаанд, ки ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *