Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бозгашти беморхонаҳо ба ҳолати муқаррарӣ дар Душанбе

Беморхонаҳои шаҳри Душанбе ба хотири ба ҳолати муқаррарӣ баргаштан чораҳои зарурӣ меандешанд, хабар медиҳад Азия-Плюс.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳри Душанбе баъди як моҳ, рӯзи 4 июн ҳамаи беморони аз COVID-19 шифоёфта аз баъзе беморхонаҳои шаҳр ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аз 8 июн дармонгоҳи гастроэнтерология (клиникаи Мансуров)-и ҷумҳурӣ, беморхонаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи беморони коронавирус омода гардида буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида мешаванд.

То рӯзи душанбе дар муассисаҳои тиббии дар боло зикршуда корҳои безараргардонӣ (дезинфексионӣ) гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошта буд, ки  акнун беморони COVID-19 танҳо дар 2 беморхонаи сироятӣ – қисман дар “Шифобахш” (Қарияи Боло) ва ду корпуси беморхонаи “Истиқлол” қабул карда мешаванд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.