Кӯмаки Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» дар таъмири беморхонаи Деваштич

Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» дар якҷоягӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Андреас Протманн ва Раиси ноҳияи Деваштич ҷаноби Ашӯралӣ Ҷалилзода толорҳои ҷарроҳии Шӯъбаи ҷарроҳӣ ва Шӯъбаи эҳёи навтаъмиршударо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Шӯъбаи табобатии беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич дар доираи Лоиҳаи «Дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии босифати аҳолии деҳоти ноҳияи Деваштич».

Лоиҳа бо дастгирии саховатмандонаи молиявии Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ҶТ ба маблағи 136 800 сомонӣ, маблағҳои хайриявии тавассути платформаи Globalgiving ба маблағи 11 000 сомонӣ (қариб 1 000 доллари ИМА) ҷалбкардашуда ва саҳми кормандони беморхонаи ноҳия ба маблағи тақрибан 10 000 сомон дар давраи моҳҳои июн –сентябри соли 2021 амалӣ гардид.

«Мо аз он пайдо намудани имконият барои амалисозии лоиҳаи мазкур ҷиҳати дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи тандурустӣ (Ҳадафи 3: Саломатии хуб ва некӯаҳволӣ) дар кишвар хушҳол ҳастем», — қайд намуд Директори Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» хонум Нигора Негматуллоева

Инчунин, мавсуф илова намуданд: «Мо мехоҳем аз фурсат истифода бурда миннатдории самимии худро барои дастгирии саховатмандона ба Сафорати Ҷумҳурии Федеративвии Олмон дар ҶТ ва дигар донорҳо аз саросари ҷаҳон, ки тавассути платформаи GlobalGiving саҳми нек гузоштаанд, изҳор намоем. Мо инчунин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳа изҳори сипос мекунем».

Дар доираи лоиҳа корҳо оид ба таъмири ду толори ҷарроҳӣ ва иншооти ёрирасон дар қисмати ҷарроҳии Шӯъбаи ҷарроҳӣ ва ду ӯтоқ, иншооти санитарӣ ва инчунин ӯтоқҳои маъмурии Шӯъбаи эҳёгарии беморхона амалӣ карда шуд. Истифодаи самаранок ва шаффофи маблағҳои барои лоиҳа ҷудокардашуда имконият дод, ки иншоотхои санитарию маъмурӣ, ки дар нақшаи ибтидой набуданд, аз нав таъмир карда шавад.

«Ҳар сол Сафорати Олмон дар ҶТ лоиҳаҳои хурдро дар саросари кишвар маблағгузорӣ мекунад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми манотиқи дурдасти Тоҷикистон тавассути беҳбуди соҳаҳои тандурустӣ дар бемористонҳо ва мактабҳо равона карда мешавад. Ин яке аз лоиҳаҳои сершумори Сафорат дар минтақа мебошад, зеро маориф ва тандурустӣ ду рукни асосии таъмини рушди устувори кишвар аст”, — зикр намуд Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Андреас Протманн.

«Мо аз ҳамкориҳоямон бо Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» бениҳоят қаноатмандем. Ин марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба дастгирии беморхонаи мост, ки онҳо соли 2019 оғоз намудаанд», — афзуд Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич хонум Каромат Саидова, – «Ба шарофати ин лоиҳа ҳоло мардуми ноҳия ба хизматрасонии баландсифат дастрасии бештар пайдо намуданд. Мехоҳам аз номи тамоми кормандони беморхона ба донорҳои мӯҳтарам, бахусус Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ҶТ ва онҳое, ки тавассути платформаҳои байналмилалии хайриявӣ саҳм гузоштаанд ва инчунин ба гурӯҳи кормандони содиқи ТҶ «Садоқат» барои заҳматҳои муттасилашон барои беҳтар намудани шароити беморхона изҳори сипос намоям».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *