Мадади Покистон ба осебдидагони Хуросон

Имрӯз, 13 июн  бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Покистон  дар Тоҷикистон ба шаҳрчаи хаймавии Чорбоғи ноҳияи Хуросон 67 тонна семент ворид гардид. Семент тариқи мошинҳои боркаши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон расонида шуд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ба ҳар як хонаводае, ки манзил бунёд мекунад, ба қадри яктоннаӣ семент дода шуд, то дар кори сохтмонӣ ба кор баранд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода ба сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар барои таваҷҷуҳ ва ҳамдастӣ изҳори сипос намуд. Номбурда афзуд, ки Тоҷикистону Покистон кишварҳои дӯсту бародар мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *