Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон

“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» — таҳти ин унвон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону ходимони давлатӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои мухталиф ҳамоиши илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур  Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумурии Тоҷикистон, Ҷумъахон Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусалом Мирализода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Баҳриддин Камолиддинов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳайати устодон ва раёсати донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, ректори донишкада Абдухалил Ғафурзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки ҳадаф аз ҳамоиши мазкур анҷоми таҳқиқи комплексӣ оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҳамчунин, зикр гашт, ки лоиҳаи илмӣ — таҳқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз ҷониби Донишкадаи идоракунии давлатӣ, дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ тавсия шуда, дар он масъалаҳои умдатарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон мавриди омўзишу таҳқиқ қарор мегирад.

 

Профессор Баҳриддин Камолиддинов зимни суханронӣ иброз дошт, ки барои ҷавонони имрўза донистани он ки гузаштагони бонангу номуси онҳо дар ҳолатщои вазнин, ҳатто замоне ки таҳти тасарруфи дигар давлату халқият қарор доштанд, волоияти забону фарҳангашонро пос медоштанд ва намегузоштанд, ки гавҳари ноби илму адаб ба дасти душманони миллат афтад. Омўзиши ҳақиқати таърихӣ ҷавонони моро аз бегонапарастӣ, инкори хидматҳои қаҳрамонони миллат, беэътиборӣ ба равандҳои пешқадами ҷомеа бозмедорад ва дар тинати онҳо эҳтиром ва сипосмандиро нисбат ба ашхоси ватанхоҳу ватандўст бедор месозад. Ба ибораи дигар, надонистани таърих инсонро аз аслаш дур месозад ва ў наметавонад ба ҷараёнҳои рўзгор мунсифона баҳо диҳад.Дар рафти ҳамоиш мутахассисон пешниҳод намуданд, ки ҳар як самти фаъолияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд алоҳида мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифта, дар шакли китоб ба нашр расонда шавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.