РАМАЗОН МИРЗОЕВ се лаҳзаи рўзгор

Рамазон Зарифович Мирзоев. Кам касест, ки ӯро нашиносад ва ба нишони эҳтиром пешаш сар ба таъзим наорад. Ростгӯй, рострав ва дар роҳу эътиқоди худ устувор. Марди деҳотие, ки замони шӯравӣ ва даврони истиқлолият бо заҳмату донишу фаросати хеш ба мартабаҳои боло расидааст. Ӯ зодаи ноҳияи Данғара, хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзӣ (1967), Академияи илмҳои ҷамъоятии Маскав (1983)мебошад.

Тӯли чанд сол ба ҳайси муовини вазири кишоварзии Тоҷикистони шӯравӣ ва сипас дабири аввали Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Данғара кор кардааст. Сафири Тоҷикистон дар Русия (1995-2001), сафири Тоҷикистон дар Эрон (2001 -2010) буд. Ҳоло нафақахӯр, муаллифи китоби «Давлати безавол» — дар бораи ҳодисаҳои солҳои 1990 мебошад. 15 феврали соли ҷорӣ 75 — сола мешаванд.

Ба ифтихори ин рӯзи муборак чанд хотироти эшонро пешкаши хонандагони «Тоҷикистон» месозем.

I. Ривояти гаравгонгирӣ
Ин ҳодиса моҳи августи соли 1992 ба вуқӯъ пайваст. Мудири корҳои Девони вазирон академик Муҳаммад Осимӣ раиси Анҷумани «Пайванд» буданд. Он рӯз дар ошёнаи 3- юми Комитети Марказӣ ҷаласаи анҷуман баргузор гашт. Субҳ дар назди бинои КМ мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Онҳо талаб доштанд, ки Раҳмон Набиев наздашон барояд. Вазъият хуб набуд. Ман аз Осимӣ хоҳиш кардам, ки ҷаласаро хотима бахшанд. Он кас, ки як шахси хирадманд буданд, маҷлисро ҷамъбаст карданд ва аҳли зиё баромада рафтанд. Як вақт издиҳом ба нигоҳбонон ва кормандони милитсия гӯш накарда, зада дохили бино шуданд ва маро дида, ба ҳуҷраи кориам даромаданд. Онҳо дар куҷо будани Раҳмон Набиевро пурсиданд. Ман гуфтам, ки ҳуҷраи он кас дар қаноти дигари биност ва ман дар куҷо буданашонро намедонам. Онҳо маро берун бароварданд, то бо издиҳом суҳбат кунам. Нав чанд сухан гуфта аз миёни тӯда садо баромад, ки сафсата мегӯям, гапро бисёр накунам!

Маро аз минбар фароварданд ва ба мошини «Жигули» шинониданд.
Он субҳ ҷонишини якуми раиси вилояти Кӯлоб Сангов ба ман занг зада хоҳиш намуда буд, ки ба Душанбе меояд, фурудгоҳ барояш мошин фиристам, ки то Шӯрои Олӣ равад. Вале ӯ аз ронандаи фиристодаи ман узр мепурсаду ба мошини дигар менишинад. Аз тирезаи мошин ногоҳ чашмам афтод, ки Санговро аз Шӯрои Олӣ бароварда, маҷбуран ба мошине савор карда, куҷое бурданд. Аз паси ӯ Ҷамшед Ҳилолович Каримовро кашолакунон оварда, дар «Жигули» паҳлуи ман шинониданд. Моро ба як масҷиди маҳаллаи Ҷануб (Южний) бурданд. Дар масҷид полковник Холбобо Шарипов, мушовири Раҳмон Набиевро бо чанд нафари дигар аллакай оварда буданд. Он кас хоҳиш кард, ки барояш як ҷуръа об диҳанд, қандаш баланд шудааст. Ман ба он кас об додам. То ин дам гаравгон буданамонро ҷиддӣ қабул накарда будам. Пас аз 10 – 15 дақиқа моро гирифта, 150-200 метр поёнтар ба як ҳавлӣ бурданд. Дар як хона Рашид Олимов, Лақим Қаюмов, Саидмуров, Ғуломҷон Бобоев ва дигарон нишаста буданд. Ману Ҷамшед Ҳилолович ба инҳо пайвастем. Баъди чанде Санговро ҳам оварданд. Намедонам аз чӣ бошад, ки лаҳзае нагузашта хоби ӯ бурд. Баъдан Исмат (тахаллусаш Исматча, Исмати овулӣ) пайдо шуд. Дар даст камера дошт, аз ҳар кадомамон интервю гирифт. Дар он ҷо гапҳои пасту баланд зиёд шуд, ки гуфтанашро ҷоиз намешуморам. Баъди чанде як нафар омада, аз номи Муллоғаффор гуфт, ки Соҳибназаров хоҳиш мекунад, ки Саидмуродов, Каримов ва Ғуломҷон Бобоевро ҷавоб диҳанд, зеро онҳо бояд фардо дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ баромад кунанд…
Тахминан то соатҳои 10 ё 10.30 дар ҳамон хона будем, баъд моро ба тарафи роҳи оҳан бурданд. Дар он ҷо дар миёни ду хати роҳи оҳан як пилорам будааст. Моро он ҷо бурданд. Сангов бо Ҷамшед Каримов дар хона монданд. Баъдан маълум шуд, ки Сангов аз он ҷо ғайб мезанад… Соати 4-5 –и субҳ Исматча омада, садо баланд, кард, ки Тӯхтабой Ғаффоров ва Мирзоев бароянд. Моро ба «Жигули» савор карда, куҷое бурданд. Воҳима зер кард, фикр кардам, ки агар мошин ҷониби Қӯрғонтеппа равад, нохушие нисбати мо сар мезанад. Хушбахтона, моро назди Шӯрои Олӣ оварда фароварданд. Ман ба ошёнаи 3 баромадам. Искандаров бо чанд нафари дигар менишаст. Вақте ман даромадам, ӯ маро оғӯш кашида, хабар дод, ки ба Бобои Сангак телефон кунам, зеро ӯ Мирзоев куҷо шуд, гуфта бо онҳо ҷанҷол кардааст. Ман ба Бобои Сангак занг задам, ки телефонро Рустами Абдураҳим бардошт. Ба ӯ хабар додам, ки маро ҷавоб доданд, аммо аз тақдири Сангов бехабарам. Баъди суҳбат сигоркашӣ баромадам ва ба командири дивизияи 201 Муҳриддин Ашӯров занг задам. Он кас мошин фиристод ва маро ба дивизияи 201 бурданд. Пас аз 2 рӯз ба кор баромадам. Раҳимҷон Ғафуров ба ман хабар доданд, ки ҳамин шаб мурдаи Санговро ба морг оварданд ва аз ман хоҳиш карданд, ки муҳофиз гирам. Бегоҳ хона омадам, аммо қарор нагирифтам. Соати 8-и бегоҳ ба ВКД занг зада, аз ҷонишини вазир хоҳиш кардам, ки мошин фиристед, мехоҳам наздаш равам. Мошин омад. Аз ВКД хоҳиш намудам, ки муҳофиз ташкил кунанд, то ки ҷасади Сангов нест нашавад. Мо ҳамроҳи муҳофизон ба морг рафтем, ҷасади ӯ бо матоъ пӯшонида шуда буд. Матоъро кушодам, ки воқеан Сангов аст. Чї тавр куштани ӯро беҳтар аст, ки нагӯям.
Субҳ ба пайвандони Сангов ва шаҳри Кӯлоб аз марги ӯ хабар додем ва ҷисми ӯро ба зодгоҳаш фиристодем.
Бо ин амал мухолифони силоҳбадаст мехостанд дар ҷомиа воҳима барангезанд ва барои расидан ба ҳадафҳои палидашон мубориза баранд.

II. Аризаи истеъфо ва оќибати сустиродагӣ
Субҳи он рӯз ман ба бӯстонсарои ҳукуматӣ омадам. Дар блоки 3 мухолифин Давлат Усмон, Тӯраҷонзода, Мулло Ғаффор ва дигарон нишаста баҳс доштанд. Дар ҳавлии бӯстонсаро мошин ва муҳофизон Раҳмон Набиевро интизор буданд. Пурсидам, ки шумо ягон ҷо равонаед, аммо посух нагирифтам. Чунки ҳамеша агар Раҳмон Набиев ягон ҷо мерафтанд, ман аввал нақлиёт ё тайёра омода карда, Кумитаи амният ва афсарони дивизияи 201-ро барои амнияти Президентро таъмин кардан хабар медодам.
Аммо ин даъфа он кас ба ман чизе нагуфтанд. Ман назди мошинашон истодам. Он кас омада, бо ман салом карданду чизе нагуфта рафтанд. Ман дохил даромада, баъди чанд дақиқа телевизорро рӯшан кардам, ки фурудгоҳро муҳосира кардаву тир мепарронанд. Як вақт кадр дигар шуд: Вазири адлия дикта мекарду Раҳмон Набиев аризаи истеъфо менавишт. Баъди чанд лаҳза картеджи Раҳмон Набиев омаду он кас саросема ба блоки 2 даромада, ба ошёнаи 2 баромаданд. Ман ҳам рафтам . Аҳволашон бад буд, гап намезаданд. Ман об фармудам, баъди нӯшидан гуфтам, ки Раҳмон Набиевич, дар ин шароит дар ин ҷо мондани шумо хуб нест. Шумо бояд аз ин ҷо равед, ин ба хотири амнияти шумост. Он кас чизе нагуфтанд. Ман ба Муҳриддин Ашӯров фармондеҳи двизияи 201 занг зада, хоҳиш кардам ки Раҳмон Набиевич мераванд, қабул кунад ва эшонро аз дари қафо гусел кардам. Лаҳзае нагузашта аз блоки 3 Мулло Ғаффору Тӯраҷонзодаву Давлат Усмон омада, Набиевро пурсиданд. Ман гуфтам, ки он кас дигар Президент нестанд ва ман куҷо рафтанашро намедонам. Субҳи рӯзи дигар афсарони дивизияи 201 Набиевро тариқи ағбаи Анзоб гузаронида, ба вилояти Суғд мефиристанд. Ашӯров занг зада, ҳисобот дод, ки Набиев дар амн аст…
Худо раҳмат кунад, Раҳмон Набиев барои дар чунин вазъият идора кардани ҷумҳурӣ омода набуд. Дигар ин ки ӯ аз хунрезӣ метарсид! Ҳамеша мегуфт, коре кунед, ки хунрезӣ нашавад. Як мисол меорам. Ҳама шоҳид, шабона дар майдони Шаҳидон ҳамагӣ 20- 21 нафар мемонду халос. Магар намешуд, ки шаб бо қувва онҳоро пароканда карду майдонро ба даст гирифт. Ҳар гоҳ ҳамин масъала пеш меомад, ӯ чунин пешниҳодро рад мекард. Дидем, ки оқибат сустиродагӣ ба чӣ оварда расонид.
III. Примаков ба гӯши Саид Абдуллоњи Нурӣ чӣ гуфт?
Соли 1997 ман сафири Тоҷикистон дар Маскав будам. Аз санаи 23 то 27 июн охирин музокироти сулҳи тоҷикон ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Маскав баргузор шуд. Азбаски ташкили чорабиниҳо ба як қатор корҳои ташкилӣ ба дӯши ман буд, дар музокирот ширкат карда, шоҳиди бисёр манзараҳо шудам.
Аз ҳама музокираи тезутунд 26 июн сурат гирифт. Ҷаласа он рӯз соати 10.00 шурӯъ шуда, 2 ё 3-и шаб ба анҷом расид. Асосан баҳс сари ду масъалае мерафт, ки ҷонибҳо ба тавофуқ нарасида буданд.

  1. Озод кардани гаравгонҳо аз шаҳри Орҷоникидзеобод (Ваҳдат);
  2. Ба мухолифин додани яке аз сохторҳои қудратӣ.
    Тарафҳо ба мувофиқа нарасиданд. Е. Примаков то соати 19.00 нишаст, хеле асабӣ шуд ва Б. Пастухов супориш дод, ки ҷаласаро ҳар чӣ зудтар анҷом ва ба ӯ хабар диҳад. Музокирот то соати 2-и шаб давом кард, вале натиҷа надод. Пастухов асабӣ шуда, куҷое занг зад ва ҳайатҳоро супориш дод, ки пагоҳ, яъне рӯзи 27-ум, соати 6-и субҳ дар ҳуҷраи кории Примаков ҷамъ шавем. Зеро бояд соати 10.00 маросими имзошавӣ Созишномаи сулҳ баргузор мегашт. Дар вақти муқаррарӣ ҳама ҷамъ шуданд, вале ҳамоно бенатиҷа буд. Ин дам як лаҳзаи ҷолиб ба чашмам хӯрд. Примаков Тӯраҷонзада ва Саид Абдуллоҳи Нуриро ба кунҷи ҳуҷра бурд ва паст-паст бо онҳо гӯшакӣ чизе гуфт. То ҳанӯз намедонам Е.Примаков ба гӯши онҳо чӣ гуфт. Нуриву Тӯраҷонзода ба ишораи тасдиқ сар ҷунбониданд. Соати 10.00 дар Кремл бо ширкати Б. Елтсин, Пастухов, Примаков, нозирони минтақавӣ байни ҳукумат ва мухолифин дар фазои тантанавӣ Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Ҳама якдигарро ба оғӯш гирифтанд, хурсанд буданд. Шоми он рӯз ман дар сафорат оши оштӣ ташкил кардам, ки ҳама сари як миз нишаста, суҳбат кунем. Миз ибтидо ба тарзи аврупоӣ, бо машрубот буд. Марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Тӯрҷонзода аз дар нигоҳ карда, гуфтанд: «-Акаи Рамазон агар столат ҳамин хел бошад, мо намедароем.»
    Мо машруботро аз рӯи миз гирифтем ва 1-2 соат нишаста, бо ҳам чой нӯшида, суҳбатҳо оростем…
  3. Одили Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *