Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазорати тандурустӣ: 3458 нафар дар карантин қарор доранд

Саида Умарзода муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус доир гардида қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир 3458 нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷи дар карантин қарор доранд...

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар доданд, ин ҷаласа бегоҳии 25 март доир шуда, дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарон ва сардорони як қатор муассиса ва раёсатҳои тандурустӣ иштирок намуданд. Саида Умарзода зикр намуд, ки айни замон масъалаи пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат зери назорати бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID- 19) дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шудааст. Роҳбарии ситод ба зиммаи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода вогузор шудааст. Ҳамамон, дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллӣ барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд. Шайдулло Шарипов, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири дастгоҳи марказии вазорат иттилоъ дод, ки аз 1 феврал то 25 марти соли равон 5460 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи зикргардида 2002 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3458 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд. Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз намуд, ки масъалаи пешгирии сирояти коронавирус танҳо вазифаи соҳаи тандурустии мамлакат набуда, балки саҳми дигар сохторҳои давлатиро низ тақозо менамояд. Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳисобот доданд. Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки то имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо новобаста ба ин, чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.Конец перепискиВведите сообщение…

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.