Талаба  зери чархи мошини муфаттиш фавтид

Фирдавс Ҳалимов, сокини 15-солаи Кӯлоб, зери чархи мошини муфаттиши корҳои дохилии ин шаҳр монда, баъди интиқол ёфтанаш ба бемористон даргузашт.

Мақомоти прокуратураи Кӯлоб гуфтанд, ки ҳодисаро ҷиддӣ таҳқиқ доранд. Капитан Саидмуъмин Исломов, муфаттиши садамаҳои нақлиёти Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб, Фирдавсро шаби 13-уми феврал дар бемористон гузошта, худаш ба идораи пулис рафтааст. Ӯ феълан дар озодӣ аст ва ба ҳайси омили ин садамаи маргбор баёнот додааст.Фирдавс Ҳалимов соати 12-и шаби 13-уми феврал, баъди адои кор дар назди терминали Кӯлоб-Восеъ, зери чархи худрави капитан Саъидмӯъмин Исломов мондааст. Ӯ дар синфи ҳафтуми мактаби рақами 6-и Кӯлоб мехонд ва ҳар рӯз баъди дарс дар наздикиҳои бозори “Саховат” “пирожний” мефурӯхт.​Як манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб  гуфтааст,ки  муфаттиш дар лаҳзаҳои вуқӯи ҳодиса бо мошини тамғаи «Нексия» аз самти бозор тез ҳаракат мекард ва дар он ҳолат Фирдавсро зер карда, то 15-20 метр бо худ бурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *