Фурӯши маҳсулоти ватанӣ 4 рӯз идома мекунад!

Рӯзҳои 1, 2, 3, 4 майи соли равон дар Муассисаи Давлатии “Кохи Борбад” дар доираи лоиҳаи мазкур намоиш-фурӯши маҳсулоти зиёда аз 30 корхонаи истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, муддати чор рӯз идома меёбад.

Агентии рекламавии “Тайрон” дар якҷоягӣ бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ватаниро дар афаи моҳи Рамазон роҳандозӣ намуда буд.  

Бо ин мақсад имрӯз дар “Кохи Борбад”- и шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 30 корхонаву ширкатҳои истеҳсоли ватанӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ватанӣ баргузор гашта истодааст.

Дар маросими кушодашавии он директори Агентии рекаламавӣ “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова, Сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдамов, намояндагони вазорату  идораҳои  давлатӣ,  корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳо, инчунин,  расонаҳои ВАО иштирок доштанд.

Лоиҳаи мазкур тӯли шаш сол аст, ки амалӣ мешавад ва дар он беш аз 150 корхонаҳову ширкатҳои ватанӣ ширкат намуда, маҳсулоти худро пешкаш кардаанд. 

«Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» дар заминаи сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, мақсади он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти  онҳо  дар кишвар ва берун аз он мебошад.

Шаҳноза Ҳамдамова, дар суҳбат ба мо қайд кард, ки мо бо як мақсад, он ҳам дастгирии истеҳсолкунандагони кишварамон аст ва ҳар нафаре, ки ба намоишгоҳи мо ташриф меорад, имконият дорад  маҳсулоти писандидаашро чашанд ва дар арафаи моҳи шарифи Рамазон  бо нархи дастрас онҳоро харидорӣ намояд. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки  тақрибан 30 ҳазор шаҳрвандони мо тавассути сомонаи  http://tajikistantimes.com ба тамғаи писандидаашон райъ додаанд.

Ҳангоми назарпурсӣ, ки то кушодашавии он гузаронидем, маълум гардид, ки мардуми кишвар дар арафаи моҳи Рамазон барои  таъмин намудани аҳли оилаашон бо маводҳои авалия,  аз соати 6-и субҳ ҳозир шудаанд. Бо як хушнудӣ  аз ин марака дастгирӣ намуда, интизори он ҳастанд, ки маҳсулоти заруриашонро аз ин ярмарка дастрас хоҳанд кард.

Баъд аз кушодашавӣ мардуми зиёди ҷамъшуда, ба дуконҳои маҳсулоти ширию гӯштӣ рафта, бештар ба қаймоқ, сметана, творог, кефир , намудҳои гуногуни ҳасиб, ки аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ ҶСП «Комбинати шири Душанбе», Ширкати «Рамазан», ҶДММ «Файзи Расул» ва ҶДММ «Баҳор» пешниҳод шуда буд, мароқ зоҳир мекарданд.Инчунин, маҳсулоти гуногуни  ширинӣ, ба монанди намудҳои гуногуни шоколад, қанд, пичениву кулчақандҳо, ки ширкатҳои ҶДММ «555 МПК» ва ҶСК «ШИРИН» ба харидорон пешкаш кардаанд, дидан намуда, бо табъу завқашон бо нархи дастрас мехариданд.  

Корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти шӯянда, ба мисли собунҳои гуногун, хокаҳои либосшӯӣ, моеъҳои косаву табақшӯӣ машғуланд, барои харидорон бо нархи дастрас пешниҳод карданд. Чуноне аз мушоҳида бар меояд, назди дӯконҳои қанодӣ ҳам харидорон навбатпоӣ мекарданд. Дар ин ярмарка барои ҳамаи табақаи аҳолӣ маҳсулот пешниҳод шуда буд.

Дар як гӯшаи охири ярмарка ширкати ҶДММ «Наҷот 2016» маҳсулоти ғайриоддӣ, яъне орди бирёншударо дар шакли бастабандӣ пешниҳод карда буд ва ҳатто барои то куҷо осон ва дастрас будани он ба мардум нишон медоданд.

Шукурулло Шоев, Муассиси ширкати «Наҷот» қайд кард, ки аз соли 2012 дар дохили кишвар маҳсулоти хӯрокаро бо номи “Ордбирён”  истеҳсол мекунад. Ин навъи хӯрок асосан барои сайёҳон ва шахсоне, ки вақти  пӯхтани хӯрок надоранд, пешбинӣ шудааст. Ордбирёни истеҳсолкардаи мо дар муддати ҳамаги як дақиқа бо оби ҷӯшомада тайёр карда мешавад. Бояд қайд намоям, ки маҳсулот аз гандуми лалмӣ ва дар осёби сангӣ омода шуда, ба бемориҳои меъдаю рӯда, фарбеҳӣ ва доғҳои рӯй муфид аст.

Дар ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ истеҳсолоти пурраро ба роҳ мондем, то ки дар моҳи шарифи Рамазон барои мардуми тоҷики мо дастрас бошад. 

Момогул Соҳибова, худро сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки аз ин ярмарка собуну хокаҳои ҷомашӯиро бо нархи нисбатан арзон дастрас намудааст. Ӯ қайд кард, ки бисёр мехостем, ки дар чунин рӯзҳо маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум, аз қабилӣ, тухм, гӯшт, равған ба фурӯш гузошта шавад.   

Лозим ба ёдоварист, ки дар намоишгоҳ корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор низ  намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш гузоштанд.  

Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои 1, 2, 3, 4 майи соли равон дар Муассисаи Давлатии “Кохи Борбад” дар доираи лоиҳаи мазкур намоиш-фурӯши маҳсулоти зиёда аз 30 корхонаи  истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Интерком, ҶДММ «Афзали Суғд» (Молочная радость), ҶДММ «Ориён инвест», ҶДММ «Юрия Фарм», ҶДММ «Фаиза», ҶДММ «Ваҳё Килк», ҶДММ «Сатурн 1», MAX BIFF BURGER, ҶСК «Авитсена», BEST TEA, Ихлос, DD Produkt, ҶДММ «Фабрикаи мурғправарии  Беҳамто», ҶДММ «Доноӣ ва сарватмандӣ», ҶДММ «Покофар», ҶДММ «Раҳмат 2004», ҶДММ «Файзовар», СИ «Мавлоназарова Сакина», Памир голд, ҶДММ «Парисо-2017», ҶДММ «Гофро-агрегат», ҶДММ «Шоҳасар» ва дигарон ширкат варзида, муддати чор рӯз идома меёбад.

Маросими ботантаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”, ки аз тарафи истеъмолкунандагон интихоб мешаванд, рӯзи 4 май, соати 17.00 дар меҳмонхонаи «Ҳайят Ридженси Душанбе» баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *