Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегиранд

Мақомоти Исроил тасдиқ карданд, ки субҳи панҷшанбеи 19 июн як мушаки ирсолшуда аз ҷониби Эрон ба бемористони муҳим дар ҷануби Исроил бархӯрда, теъдоде аз шаҳрвандонро захмӣ ва зарари густурда ба бор овардааст. Ин ҳодиса дар заминаи авҷи танишҳои низомии ахир байни ду кишвар иттифоқ афтодааст.

Ба иттилои расонаҳои Исроил, чанд мушаки дигар ба биноҳои баландошёна ва манотиқи аҳолинишин дар наздикии Тел-Авив афтодаанд. Идораи имдодрасонии Исроил мегӯяд, дар маҷмӯъ дастикам 40 нафар захмӣ шудаанд.

Дар посух ба ин ҳамлаҳо, нерӯҳои ҳавоии Исроил бомдоди 19 июн ба як қатор нуқтаҳо дар шаҳри Теҳрон ва дигар минтақаҳои Эрон, аз ҷумла реактори оби сангини Арок ҳамла карданд. Мақомоти исроилӣ мегӯянд, ки иншооти ҳастаии Эронро, ки мумкин аст барои тавлиди маводи лозим барои сохтани силоҳи атомӣ истифода шаванд, мавриди ҳадаф қарор медиҳанд.

Артиши Исроил дар паёме бо забонҳои форсӣ ва арабӣ, ба сокинон ва коргарони минтақаҳои Арок ва Хундоб ҳушдор дод, ки “пеш аз ҳадаф гирифтани зерсохторҳои низомии вобаста ба режими Эрон, фавран маҳалро тарк кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд, ки системаи дифои ҳавоии кишвар пас аз нимашаб дар канораҳои Теҳрон фаъол шудааст. Ҳамзамон мақомоти эронӣ эълон карданд, ки 18 нафар бо иттиҳоми кумак ба ҳамлаҳои Исроил дар Машҳад боздошт шудаанд.

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар як изҳорот гуфт, ки кишвараш қадам ба қадам барои аз байн бурдани таҳдидҳои ҳастаӣ ва мушакии Эрон иқдом мекунад. Ӯ афзуд: «Мо таъсисоти ҳастаӣ, мушакҳо, марказҳои фармондеҳӣ ва намодҳои режимро ҳадаф қарор медиҳем».

Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки ба ҷанг майл надорад, вале агар лозим шавад, барои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ иқдом хоҳад кард. Ба иттилои рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal, Трамп ҳамчунин ба мушовиронаш гуфтааст, ки дар сурати зарурат вориди даргириҳо хоҳад шуд.

Танишҳо байни Исроил ва Эрон, ки ҳафт рӯз боз идома доранд, баъд аз ҳамлаҳои ғайримунтазираи Исроил ба фармондеҳону донишмандони ҳастаии Эрон дар 13 июн оғоз ёфтаанд. Бисёриҳо ин рӯйдодҳоро хатаре ҷиддӣ барои амнияти минтақа ва ҷаҳон медонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *