“Танзим”-и Тоҷикистон ба Ӯзбекистон роҳ ёфт

Сенати Маҷлиси Олии Ӯзбекистон масоили ба танзим даровардани тӯю маъракаҳоро баррасӣ кардааст.

Танзила Норбоева, раиси Сенат ё Палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон ба хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, дар ҷараёни мулоқотҳо бо мардум бархе аз шаҳрвандон аз афзоиши тӯю маъракаҳои пурдабдаба  ва серхарҷ дар ин кишвар шикоят кардаанд.

Ӯ таъкид кардааст, ба манзур ҷилавгирӣ аз чунин урфу одатҳои номатлуб дар Ӯзбекистон Низомномаи “Ба тартиб даровардани тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ва тадбирҳо барои ёдбуди марҳумон” таҳия шудааст.  

Тибқи ин санад, маъракаҳои оилавӣ (ба истиснои маросими дафн) бояд дар соати 6.00 то 23.00 анҷом шуда, дар онҳо то 200 нафар меҳмон ва дар оши маърака 250 меҳмон даъват шавад.

Дар се рӯзи маросими дафн дар ширкати шаҳрвандон маҳдудият вуҷуд надошта, аммо додани ош (таом) ба мардум мумкин нест.

Дар тӯйи арӯсӣ барои ба хонаи ақди никоҳ ва тӯйхона интиқол додани арӯсу домод ва наздиконашон танҳо се мошини сабукрав хизмат расонда метавонад.

Баргузории анъана ва маросимҳои мухолиф ба ҳуввият ва расму одоти миллӣ, назири “навкарони арӯс”, “падарбинӣ”, “домодталбон”, “арӯсталбон” ва ғайра мамнӯъ аст.

Дар маросими дафн ва мотам ба баргузории маъракаҳои “ҳафт”, “бист”, “чил”, “панҷшанбегӣ”, “якшанбегӣ”, “ид”, оши сол” ва “тақсими пул” иҷозат дода намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *