Тарафдорони ҲНИТ-ро дар Россия дастгир карданд(Видео)

Мақомоти ФСБ дар як деҳа дар вилояти Кемеровo 6 зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми паҳн кардани ақидаҳои ифротии исломӣ дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, дастикам яке аз онҳо узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буда, аз ҳамфикронаш як гурӯҳи муташаккил сохтааст.

Раёсати вилоятии ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – хабар дод, ки маъмурони ин ниҳод дар деҳаи Пашковои ноҳияи Яшкинои вилояти Кемерово 6 зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротии исломӣ дастгир кардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати вилоятии ФСБ рӯзи 5 апрел бо нашри як видео ва иттилоияи расмӣ хабар дод, ки аз ин афрод теъдоди зиёди адабиёти ифротӣ ёфт ва мусодира шудааст. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, маълум шудааст, ки таҳти таъсири ин китобҳо ду зани маҳаллӣ дини Исломро қабул кардаанд.

Дар иттилоияи ФСБ ҳамчунин гуфта мешавад: «Яке аз аъзои ин гурӯҳ узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, ба сабаби мавқеи мазҳабии тундравонааш таҳти таваҷҷӯҳи мақомоти вижаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қарор доштааст. Баъди ба қаламрави Русия омаданаш дар соли 2006, ӯ аз ақидаҳои худ даст накашида, як доираи собити ҳамфикронашро, ки низ аз чунин ақидаҳои маззҳабӣ тарафдорӣ мекунанд, ташкил кардааст.”

Мақомоти ФСБ мегӯянд, се нафар аз боздоштшудаҳо ҳамчунин ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мешаванд.

Дар видеое, ки раёсати вилоятии ФСБ нашр кардааст, дар байни адабиёти аз манзилҳои ин 6 зодаи Тоҷикистон боздоштшуда, китобҳое, чун «Тафсири сураи Нур”, «Салавот бар Муҳаммад”, «Масъулияти волидон дар қиболи фарзандон” ва китобе бо номи «Дин ва сиёсат” бо акси раиси ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *