«Тарбияи ҳамҷинсгаро” Шӯҳратро ба паси панҷара бурд

Сабти ӯро ба хешу табораш фиристодаанд ва пулу ду телефони ӯро гирифта, гуфтаанд, ки вақте пулу телефонҳояшро бармегардонанд, ки ӯ ба масҷиди Проспект Мира омада, намозхон шавад.

Суди ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Шуҳрат Салимовро бо ҷурми ҳамлаву латтукӯби ҳамҷинсгароён ба 4 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.
“Стимул”, як созмони ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароёни Маскав гуфт, Шуҳрат Салимов бо шариконаш бо як ҳамҷинсгарои зодаи Осиёи Миёна бо номи шартии Алӣ дар як гуруҳи ақалиятҳои ҷинсӣ дар “Одноклассники” шинос шуда, баъди чанде ӯро ба мулоқот ба як бӯстонсаро дар Новая Москва даъват кардаанд.Вале дар роҳ ба бӯстонсаро онҳо Алиро шадидан латтукӯб карда, маҷбур кардаанд, ки дар видеокамера аз ҳамҷинсгароӣ тавба кунад. Онҳо кирдори Алиро шармандагӣ барои мусалмонон номида, сабти ӯро ба хешу табораш фиристодаанд ва пулу ду телефони ӯро гирифта, гуфтаанд, ки вақте пулу телефонҳояшро бармегардонанд, ки ӯ ба масҷиди Проспект Мира омада, намозхон шавад. Вале Алӣ ба ҷои масҷид ба созмони “Стимул” ва сипас ба пулис муроҷиат кардааст. Шуҳрат Салимовро баъди чанде замоне дастгир кардаанд, ки як ҳамҷинсгарои дигарро “дарси тарбия” медод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *