Тарофаҳои нави “Диёр”: интернети бештар, алоқаи бештар!

Ширкати “Анор”, яке аз операторони аз ҳама ҷавон ва босуръат инкишофёбандаи алоқа дар Тоҷикистон тарофаҳоро бо дақиқаҳою интернети бештар ва озодии муошират бо нархҳои дастрас роҳандозӣ намуд.

Дар давоми ду соли таърихи худ “Анор” боварии истифодабарандагонро бо пешниҳоди алоқаи босифат ва шартҳои муфид ба даст овард. Силсилаи нави тарофаҳо – ҷавоб ба дархости мизоҷонест, ки бе сарфи зиёдатӣ имкониятҳои бештар ба даст овардан мехоҳанд.

Тарофаи Диёр Ultra бо нархи 65 сомонӣ дар як моҳ ба истифодабарандагон 65 000 Мб интернети мобилӣ пешниҳод мекунад, ки 30 000 Мб-и он дар вақти рӯзона дастрас буда, 35 000 Мб-и боқимонда шабона дастрас мебошад. Муштариён инчунин зангҳои бемаҳдуд дар дохил шабака, 1 000 дақиқа барои зангҳо ба операторони дигари мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 SMS-ро дар ҳудуди тамоми кишвар ба даст меоранд.  

Барои онҳое, ки варианти нисбатан дастрасро ҷустуҷӯ доранд, тарофаи Диёр Liteбо нархи 35 сомонӣ дар як моҳ мувофиқ меояд. Он 35 000 Мб интернетро дар бар гирифта, 10 000 Мб аз ин ҳисоб дар вақти рӯзона ва 25 000 Мб дар вақти шабона дастрас мебошад. Ба ғайр аз ин ба баста зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 500 дақиқа барои алоқа бо муштариёни операторони дигари мобилии Тоҷикистон ва 50 SMS дар кишвар дохил мешаванд.  

Барои онҳое, ки интернети бештар дастрас кардан мехоҳанд, бастаи иловагии “Диёр +5000 Мб” имконияти беҳтарин аст. Ҳамагӣ бо нархи 25 сомонӣ Шумо 5 000 Мб-и иловагӣ ба даст оварда, имкон пайдо мекунед, ки доим дар алоқа бошед, видео тамошо намоед, мусиқӣ гӯш кунед ва замимаҳои дӯстдоштаро бе маҳдудият ба кор баред.

“Мо аз ҳар як муштарии худ барои боварӣ ва дастгирӣ миннатдорем! Тӯли ду сол ба “Анор” на танҳо муяссар шуд, ки мавқеи худро дар бозор мустақҳкам намояд, балки он инчунин ба операторе табдил ёфт, ки ба истифодабарандагони замонавӣ имкониятҳои муносибро пешниҳод мекунад. Тарофаҳои нави мо – қадами навбатӣ сӯи он аст, то ки алоқа дар Тоҷикистон боз ҳам дастрас, қулай ва муфид гардад”, – қайд кард директори амалиётии ширкати “Анор” Юрий Глущенко.

Хабарҳои ширкати “Анор”-ро дар сомона ва саҳифаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *